Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

муқаддимавии маҷмӯа «Назми ҷовидон фурӯзони Рӯдакӣ», ки ба қалами Р. Ҳодизода тааллуқ дорад, дар бораи шуҳрати ҷаҳонии устод Рӯдакӣ, ҷамъоварии ашъори парокандаи ӯ, нашри он осор дар кишварҳои гуногун ва зарурати таҳияи матни илмиву интиқодии осори барҷоймондаи шоир сухан рафтааст. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки мураттибон дар тасҳеҳи матни ашъори шоир кӯшиш ба харҷ дода, ба он дар «Тавзеҳот» ишора кардаанд. Масалан, дар мисраи «Забони ман ба равӣ гардад офарини туро» дар «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958) таркиби «ба равӣ» дар шакли «бар ӯй» ва дар «Рӯдакӣ. Шеърҳо» (Душанбе, 1974) ба тарзи «ба рӯй» сабт шудааст.5

Тавре ки зикр шуд, Р. Ҳодизода пас аз таъсиси «Бунёди Рӯдакӣ» ба тартиб додани матни илмиву интиқодии осори боқимондаи шоир машғул шуд ва ниҳоят соли 2008 ин корро ҳамроҳи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба анҷом расонда, бо ҳамкории Пажӯҳишҳои фарҳанги форсӣ - тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чопхонаи «Пайванд» бо унвони «Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ» интишор дод. Девони мазкур натиҷаи заҳмати зиёда аз панҷсолаи мураттибон буда, бо истифодаи беш аз сад манбаъ мураттаб гаштааст. Дар муқаддимаи муфассали худ Р. Ҳодизода пеш аз ҳама дар бораи таърихи ҷамъоварӣ ва нашри осори Рӯдакӣ тавакқуф намуда, аз хидматҳои шоистаи Ҳерман Эте, ки бори аввал ба ин кори муҳим даст задааст, устод Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ ва амсоли онҳо ёдовар мешавад. Ӯ ҳамчунин ба маҷмӯаҳои зиёди осори Рӯдакӣ, ки дар Эрон, Тоҷикистон ва Русия нашр шудаанд, ишора намуда, таъкид мекунад, ки «ҳама дар асоси матни Нафисӣ сурат гирифтааст».6 Р. Ҳодизода ба норасоиҳои нашрҳои пешинаи осори Рӯдакӣ ишора намуда, усули пешгирифтаро дар ин нашр тавзеҳ

пешина
аз 315
навбатӣ