Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Устод Садриддин Айнӣ дар баробари хизматҳои бузурги таърихӣ дар поягузориву пешрафти адабиёт ва фарҳанги нави тоҷик, дар тарбияи як зумра адибону олимон ва зиёиёни тоҷик низ саҳми калон гузоштааст. Ӯ монанди боғбони гулдаст ба ҳар як ниҳоле, ки дар бӯстони илму адаб ва маданияти тоҷик сабз мешуд, бо камоли эҳтиёту ғамхорӣ муносибат мекард ва аз ин ҷост, ки он ниҳолҳо ба дарахтҳои боровар табдил ёфтанд.
Диққати устодро ҷавони пургайрату меҳнатдӯсте ба худ ҷалб намуда буд. Устод истеъдоди хуби ин ҷавонро пай бурда, ӯро бо ғамхориву маслиҳатҳои падарона ба шоҳроҳи илму адаб ҳидоят намуд.
Кӯшишҳои устод ин дафъа ҳам самараи хуб доданд. Дастпарвари ӯ Расул Ҳодизода адабиётшиноси пурмаҳсул, драматург ва нависандаи пуркори гардида, худ ба дараҷаи устодӣ расид. Расул Ҳодизода аз мактаби Айнӣ бевосита сабақи эҷодӣ гирифта, анъанаҳои ӯро барои пешрафти илму фарҳанги тоҷик идома дод. Тасодуфӣ нест, ки мақолаи нахустини ӯ "Тадқиқоти илмии С. Айнӣ оид ба адабиёти тоҷик" мебошад, ки соли 1950 дар маҷаллаи "Шарқи сурх" ба табъ расида буд ва соли 1978 дар ҷашни 100-солагии устод Садриддин Айнӣ ӯ ҳамчун котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии ҷашн корҳои зиёдеро анҷом дода, дар баробари чандин мақола нахустин драмаи худро таълиф намуд, ки он ҳам ба шахсияту эҷодиёти устод С. Айнӣ бахшида шудааст.
Расул Ҳодизода аз соли 1950 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна бо роҳнамоии устод С. Айнӣ ба омӯзиши давраҳои тадқиқнашудаи адабиёту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё