Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
унсурҳои ғайриадабӣ бетаъсир намондаанд. Р. Ҳодизода солҳои охир ба масъалаи корбасти калимаҳои алоҳидаи қадимӣ дар забони зинда таваҷҷӯҳ намуда, чанд мақолаи илмӣ офарид, ки дар боби аз нав роиҷ гардидани онҳо аҳамияти фавқулода дорад. Яке аз чунин мақолаҳои пурарзиши ӯ ҳоло дар яке аз нашрияҳои Эрон дар дасти чоп аст. Умуман, дар Тоҷикистон аҳли қалам Р. Ҳодизодаро ҳамчун як шахси суханвар ва сухансанҷ эътироф доранд.
Чунон ки мебинем, фаъолияти илмии Р. Ҳодизода пурвусъат ва хеле бобаракат аст, вале зикр ва тавсифи тамоми паҳлӯҳои фаъолияти адабиётшиносӣ ва корҳои шоистаи ӯ дар ин мақолаи мо ғунҷоиш надорад. Адабиётшиносии муосири тоҷик дар шахси ӯ яке аз чеҳраҳои тобнокеро пайдо кардааст, ки бо илҳоми саршор, меҳнати пурсамари худ дар рушду камоли ин фан, ривоҷу равнақи адабиёти мо саҳми босазо гузошта меояд. Илму адаби тоҷик дар шахси ӯ ҳунарманди асилеро пайдо кардааст, ки чашмаи илҳомаш доимо дар ҷӯш аст. Р. Ҳодизода дар навиштан ва эҷод кардан хастагиро намедонад, барои ӯ кор роҳати тану ҷон аст, зеро дар таълиф ва эҷод ҳамеша завқ роҳбари ӯст. Гӯё худованд ин соҳибқаламро барои таълиф ва эҷод ба дунё овардааст. Ёди ин олим ва нависандаи бузургу пуркори тоҷик ҳамеша дар дили мардум аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё