Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ин сарзамин омадурафти зиёде намуданд ва перомунаш гирд омада, ба маҳфилҳои шеъру сухани форсӣ ва маҷлисҳои адабӣ, ки Зафархони Аҳсан дар ин сарзамин ривоҷ дода буд, равнақ бахшиданд.
Аз зумраи чунин суханварони забардаст метавон Калими Кошониро ном бурд. Боиси тазаккур аст, ки вақте ин «устоди қиёматкор» (21, 402) ба Кашмир қадам ниҳод, ӯ аллакай аз дарбори Шоҳиҷаҳон ба хитоби «маликушшуаро» имтиёз ёфта буд. Ва чунонки Муҳаммадафзали Сархуш менависад: «Дар фунуни ҷамеъи ақсоми сухансанҷӣ тоқ ва дар анвоъи камолоти нуктапарварӣ шӯҳраи офоқ буд» (14, 155). Ҳузур ва иштироки фаъолонаи чунин шоири барҷастаи замон дар ҳаёти илмӣ-адабии Кашмир, бешак, ба ривоҷу равнақи забон ва адабиёти форсӣ дар ин қаламрав мусоидат менамуд.
Боиси тазаккур аст, ки вақте Калими Кошонӣ вориди Кашмир гашт, ӯ аллакай бо Зафархони Аҳсан ошноӣ дошт. Дар ин маврид муаллифи «Таърихи Кашмир» чунин навиштааст: «Калим қабл аз роҳ ёфтан ба дарбори Шоҳиҷаҳон ҳамвора дар мусоҳибати умарои бузург, монанди Зафархон мутахаллис ба Аҳсан субадори Кашмиру Кобул ба сар мебурд» (16, 71).
Аз сахову эҳсон ва адлу доди Зафархони Аҳсан бо зеботарин ваҷҳ ашъор гуфтани Калими Кошонӣ далолат бар он мекунад, ки ӯ низ аз лутфу иноёти ин ҳомиву мураббӣ ва мушаввиқи аҳли сухан бархурдор гашта, бо ӯ иродати қалбӣ ва рабти самимӣ доштааст:
Чу эҳсонаш ба ҳоли халқ пардохт
Дили кону кафи дарё тиҳӣ сохт.
Ба ҳусни хулқи ӯ Юсуф харидор,
Ба хотамдорияш Ҳотам сазовор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо