Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
рупияро ба Исфаҳон барои Соиб равона карда. Аз он ҷост:
Дурдастонро ба эҳсон ёд кардан ҳиммат аст, В-арна ҳар нахле ба пои худ самар меафканад (2, 54).
Аз суханварони дигари маъруфе, ки ҳамроҳи Зафархони Аҳсан вориди Кашмир гашт, Мир Илоҳии Ҳамадонӣ буд. Хоҷа Аъзами Дидамарӣ дар ин бобат чунин навиштааст: «Чун ҳилъати субадорӣ ба Зафархон ато шуд, Шоҳиҷаҳон подшоҳ дар девон фармуд, ки: Аз Зафархон зомин бигиранд, ки саканаи Кашмирро аз худ розӣ бидорад! Мир Илоҳӣ ҳозир буд, бадеҳа ба арз расонид: Худо зомин, расулу чор ёраш!
Подшоҳ маҳзуз шуд ва Зафархон арз кард, ки: Ҳукм шавад Илоҳӣ рафиқ ва амин бошад! Манзур шуд ва бо Зафархон дар Кашмир омада» (18, 153). Мир Илоҳӣ минбаъд Кашмирро мақоми сукунати доимии хеш қарор дода, дар ривоҷу равнақи адабиёти форсизабони он саҳми босазое гузошт.
Маҳз дар замони ҳукмронии Зафархони Аҳсан Кашмир аз нуқтаи назари илмию адабӣ давраи дурахшонеро аз сар гузаронид. Давраи устондории ин марди фарҳангпаноҳ, ки «байни сарпарастони шаҳири адабиёти форсӣ дар радифи аввал меистод» (12, 82) барои тараққии тамаддуни Кашмир мусоидат намуд. На танҳо қадрдониҳо ва базлу бахшишҳои ӯ ба аҳли фазлу камол мӯҷиби пешрафти адабиву фарҳангии ин давра мегардид, балки ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки дар эҳё ва равнақи падидаҳои фарҳангӣ эҳтимом варзад. Дарбори Зафархон ба ин маъни мумтоз буд, ки ӯ худ дар сухангустарӣ маҳорати том дошт ва ҳамчун шоири нозукхаёл ба шеър аҳамияти хоса зоҳир менамуд. Шуарои замон метавонистанд, ки бо ин ҳокими шоирпеша қаробат пайдо намуда, ба дарбораш роҳ ёбанд. Аз ин сабаб буд, ки дар замони устондории ӯ шуарои маъруфи замон ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо