Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Агар мо мехоҳем, сатҳи шуури миллиро ба сатҳи ниёзҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фаннӣ ва фарҳангии имрӯзаи ҷаҳон бардорем, аввал бояд корро аз ислоҳи шуури динӣ оғоз кунем. Он чунон кореро кунем, ки ғарбиён дар оғози давраи гузариш аз асрҳои миёнаву феодализм тавассути давраи Эҳё ва Реформатсия, барои бунёди ҷомеаи нави сармоядорӣ карданд.
Замира ҒАФФОРОВА
НАҚШИ ЗАФАРХОНИ АҲСАН ДАР ГУСТАРИШИ ШЕЪРИ ФОРСӢ ДАР ҲИНД
Сайри таҳаввули адабиёти форсу тоҷик дар канори пайванд гирифтан ба эҷодиёти адибони шуҳратманду навовар ба хизматҳои шоёни шоҳону амирони фарҳангсолор ва адабпарвар такя мекунад, ки адабиёт аз файзи сиёсат ва кишвардории онҳо ривоҷу равнақ гирифта, адибон дар паноҳи меҳрубонии онҳо тавфиқ ёфтаанд. Фузун бар ин амирому сиёсатмардон бо баргузор намудани маҳофили шеъру сухан ва шунидани ашъори суханварон ба илҳом омада, ашъори нобе сурудаанд ё ба офаридани осори гаронмояи адабӣ муваффақ шудаанд. Таърих дар саҳифаҳои худ номи шоҳону амиронеро рақам задааст, ки баробари эҳтимом дар бузургдошту тарвиҷи донишу ҳунар, таъсиси китобхонаву донишгоҳҳо, ташвиқи суханварон ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошта, дар асари мусоҳибат бо шоирону шунидани ашъори онҳо аксари худашон низ ба сухансароӣ муваффақ шудаанд. Ҳатто теъдоде аз ин давлатмардон дар баробари азамату шукӯҳи сиёсӣ доштан, ба унвони шоирони соҳибдевон ё намояндагони барҷастаи адабиёти даври худ эътироф гардидаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо