Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
гузашта ва ҳам имрӯз нишон медиҳад, ки дар олами ислом низ мешудааст, ҳам дар улуми дунявӣ ва ҳам дар улуми динӣ пешраву пештозу пешқадам бошӣ. Шояд пешрафту равнақи ин ду соҳа ба ҳам алоқаманд бошанд. Чунки фарҳанги ҷомеа дорои қабатҳо ва лоиҳаҳои ба ҳам пайваст мебошанд, сустӣ ва афсурдагии яке аз қабатҳои он ба дигар қабатҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз таҷрибаи кишварҳои исломии Малайзия (Молезий), Эрону Туркия низ ба он далолат мекунанд, ки кишварҳои исломӣ низ бо вафодорӣ ба ислом метавонанд ба дунёи модерн дохил шаванд. Омӯхтани таҷрибаи ин кишварҳо барои мо хеле муфид хоҳад буд.
Мо хуб мефаҳмем, миллате, ки дорои сатҳи шуури динии паст аст, ҳеҷ гоҳ ба сарҳади баланди рушду камолоти илмию техникӣ расида наметавонад. Ин хатои ҷиддӣ ва хеле гаронбаҳо аст, агар миллате ё пешвоёни миллате фикр кунанд, ки бо бадбинӣ, нодидагирифтан, паст задан ва хор кардани улуми динӣ ё маҳдуд кардани доираи фаъолияти фарҳангию маънавӣ ва иҷтимоии дин, метавонанд он миллатро ба сатҳи баланди камолот, пешрафти иҷтимоию фарҳангӣ бирасонанд. Бояд ин воқеиятро бигӯям, ки дин он сатҳи шуури миллатро ташкил мекунад, ки ҳама решаҳои асосии шахсиятсозу ҳуввиятсози миллат аз он ғизо мегирад ва бо он пайваста аст. Шуури бо хурофот ва тақлидҳои кӯҳна олудаву пасти динӣ наметавонад ҷомеаро пеш барад, наметавонад ҷавонони моро ба саъю талош ва кӯшиш дар касби донишҳои илмию фаннӣ ҳидоят кунад. Моро шууре лозимаст, ки кору талош, сарвати моддиву маънавӣ ба даст оварданро навъе аз ибодат донад ва дар ин роҳ саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд карданро навъе аз ҷиҳод дар роҳи Худованд шиносад ва таъбир кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо