Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Алавӣ навишта зикр намудааст, ки мо онро ба ҳамонгуна дар ин ҷо меоварем:»38 Сипас намгӯи китобҳоро меорад ва дар охир менависад, ки ба гуфтаи Ҳадар китобҳои ӯ дувисту ҳашт китоб аст. Дар ин рӯйхат аввал «Тафсири Қуръон» аст, ки дар бораи ин тафсир оғои Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ дар «Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ» маълумот додаанд. Аз ҷумла гуфтаанд:
«Ин тафсир яке аз номдотарин тафосири ривоии марбут ба қарни нахустини шиъа ба шумор меояд.
Муаллифи он дар қарни севвум мезист ва ҳамтабақа бо Кулайнӣ будааст. Вай дар оғоз тобеи мазҳаби аҳли сунна буда, сипас ба ташаҷҷуъ гаройид ва аз пояҳои дониш ва аъёни шиъа мегардад ва хонаи худро конуни иҷтимоот ва маркази дониши шиъа қарор медиҳад.

Рӯйхати осори ӯ дароз аст, муҳимтарин асари ӯ:
«Китобут-тафсир», ки бо номи «Тафсири Айёшӣ» маълум аст ва Китобус-салот, Китобут-таҳорат, Китобул-мухтасарил-салот, Китобул-мухтасарил-мухтасар».

Аммо имрӯз ман чунин саволҳоро ба шумо ба миён гузорам. Оё ба чунин вазъият афтодани илмҳои исломӣ дар ин минтақа ташвишовар нест? Оё барои мо ворисони ин ҳама бузургони улуми динӣ шармовар нест, ки ба таАССУБу хурофот фурӯ рафтаем на танҳо илмҳои динӣ балки илмҳои дунявиро хор кардем ва мекунем. Дар улуми динӣ ҳатто як нафаре ҳам надорем, ки дар поинтарин дараҷаву пояи ин гузаштагони номбурда бошанд? Оё имкон дорад он азамату ҷалоли гузаштаро аз нав ба ин кишвар баргардонем ва ҳам дар улуми динӣ ва ҳам дунявӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ бароем?

Диндорие, ки бар илму маърифат устувор нест, ҷуз хурофоту таАССУБ, ҷаҳлу нодонӣ чизе ба бор намеоварад.
Диндории бе илм ҳамон «афюн»-аст, ки Маркс гуфтааст.

38 Муҳаммад ибн Исҳоқ Надим. Ал-Феҳраст. Теҳрон. 1343. С.361-363.

пешина
аз 315
навбатӣ