Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

илми фикрро назди Ҳиндувон фаро гирифта. Машҳуртарин асари ӯ «Баҳр-ул-улум» аст. Осори дигаре, ки Баҳоуддин Ҳурамшоҳӣ зикр карда «Бустонул-орифин», «Танбеҳул-ғофилин», «Куррат-ул-айн», ва «Муфарригул-қулуб-ул-маҳзун» мебошанд.35 Адам Мец ҳамчунин аз Абу Ҳотими Самарқандӣ (ваф 354/965) ёд мекунад, ки сафарҳои зиёде карда дар талаби илм аз Тошкант то Искандария наздик ба ҳазор устод вохӯрда таълим гирифтааст.36

Ниҳоят Абу Муҳаммад б. Аҳмад б. Мансур Хайёт ва Абу Муҳаммад б. Масъуд Айёшӣ (қарни III ҳ.), ки дар бораи соли таваллуд ё вафоти онҳо маълумоти дақиқ надорем аммо чун ин ду нафар дар ал-Феҳрасти Надим омадаанд, метавон гуфт, ки аз насли аввали мутакаллимони Самарқанд ва умуман Осиёи Марказӣ бояд бошанд.

Дар бораи аввалӣ Мансур Хайёт Ибни Исҳоқи Надим менависад: «Аз мардуми Самарқанд ба Бағдод омада бо Иброҳим ибни Сирӣ мулоқот намуда ва бо ӯ мунозироте дошт. Ибни Хайёт ҳарду шеваро ба ҳам меомехт ва ин китобҳо аз ӯст: «Китобул-наҳвил-кабир», «Китобу маъоний-ал-Қуръон», «Китобул-Муқанаъ», «Китобул-ал-мӯъҷаз»37.

Аммо дар бораи Абу Наср ибни Муҳаммадибни Масъуд Айёшӣ навиштааст: «аз мардуми Самарқанд ва ба қавле аз бани Тамим, аз фуқаҳои шиъаи имомия аст. Дар газорат (афзунии) илм ягонаи даврони худ буд. Ва китобҳояш дар навоҳии Хуросон аҳамияти бисёр дошт, ва Ҷунайд ибни Наъим, Макнӣ БобуАҳмад, таснифоти ӯро дар поённома, ки ба Абу Ҳасан Алӣ Муҳаммади

35 Баҳоуддини Ҳурамшоҳӣ. Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ. Теҳрон. 1377. Ҷ.2, С.1216 36 Адам Мец. Мусульманский Ренессанс. Изд. 2-е, Пер. с нем. М.: «Наука» 1973, С.163 37 Муҳаммад ибн Исҳоқ Надим. Ал-Феҳраст. Теҳрон. 1343. С.137.

пешина
аз 315
навбатӣ