Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
монд. Аммо ин амали ӯ дер давом накард. Ӯ ба хотир меорад: “Аввали моҳи май ба Самарқанд омадам ва рӯзи дигар ба назди устод рафтам... аз дифои диссертатсияи ман, аз аҳволи рафиқони москвагӣ ва ғайра пурсиданд...
Маро ба курсӣ нишонданд ва худашон ҳам як курсиро гирифта, ба ман чунон наздик нишастанд, ки қариб зону ба зону шудем... Рост ба ман чашм дӯхтанд... “Ташвиши ман аз он аст, ки шумо нодурустии роҳатонро намефаҳмед. Шумо мегӯед, ки дар Москва орому осуда нишаста китоб мехонед, таърих меомӯзед, мутолиа мекунед ва донишатонро зиёд мекунед. Охир, кӣ дар хонаи танҳо, болои кат дароз кашида, як хона китобро хонда баромада, донишу таҷриба ҳосил кардааст?
Донишу таҷрибаи ҳар кас болои кор, дар байни аҳли ҳамон кор зиёд мешавад. Ғайр аз китоб, охир донишу таҷрибаи зиндагӣ ҳаст. Аз ҳазор китоби дар хилвати танҳои хондагиатон як китоби дар кори ҷамъият иштирок карда хондагиатон борҳо фоиданоктар аст. Ман инро ба шумо аз таҷрибаи худам мегӯям. Ғайр аз ин ҳозир, дар вақти камии кадрҳо, ба Институт омада кор кардан лозим аст ва дертар, ки корҳо дурусттар ба роҳ монда шуд, метавонед боз хонданатонро давом диҳед”.
Домулло қариб зиёда аз ним соат гап заданд... Ман ба домулло қавл додам, ки пас аз ду моҳ ба Душанбе хоҳам баргашт.
Расул Ҳодизода аз мунаққидони варзидаи советии тоҷик аст, ки ҳамеша дар ҷӯши ҳаёти адабии кишвар ва мамлакат меистад. Мақолаҳои ӯ ва иштирокаш дар баҳсҳо мароми мунаққидии ӯро нишон медиҳанд.
Самтҳои баррасӣ ва тамоили танқидии ӯро аз зикри унвони онҳо низ пай бурдан мумкин аст. Мақолаҳои “Бо роҳбарии партия”, “Вақте сухан аз адабиёт меравад”, “Танқид ва адабиётшиносӣ дар саҳифаҳои “Шарқи сурх”, “Дар мубоҳисаҳои ҷиддӣ ба истибоҳ роҳ надиҳем”,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё