Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
мавзӯашон аз чизи дигаре огоҳӣ наёфта, ҳамчунон хом мемонанд.
Мутолиаи рисолаи Расул Ҳодизода “Манбаъҳои омӯзиши адабиёти тоҷики нимаи дувуми асри XIX” (1956) нишон медиҳад, ки он дар адабиётшиносии советии тоҷик равияи нав, яъне манбаъшиносӣ ва аз рӯи сарчашмаҳо ва муқоисаи онҳо бо осори адибони вақт барқарор намудани ҳаёти адабӣ ва ҷараёнҳои адабиро муайян кард. Ин равияро минбаъд худи муаллим ва шогирдонаш давом доданд. Ходими илмии Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон Аскар Ҷонфидо тазкираҳои зиёди асрҳои XVI-XX-ро ба табъ расонд.
Зимнан қайд кардан лозим аст, ки пуркории барои Ҳодизода фақат ба солҳои аспирантии ӯ марбут нест. Ин хусусият, ба ақидаи ман, барои вай фитрӣ ва модарзод аст. Вай дар тӯли солҳои 1945-1950, ки донишҷӯи факултети шарқшиносии Университети давлатии Осиёи Миёна буд ва рӯзнома мехонд, дар вазифаи муҳаррири комилҳуқуқи Шӯъбаи адабии забони тоҷикии Комитети радиошунавой дар назди Совети вазирони РСС Ӯзбекистон кор мекард. Дар ин ҷода ба подоши покикорӣ ва ташаббусҳояш ба раҳматномаи сардорони идора, сипосгузории радиошунавандаҳо ва таҳсини устод Айнӣ сазовор шуда буд. Аз ҳамин ҷиҳат дар арафаи хатми донишгоҳ вақте ки газетаю тоҷикии “Ӯзбекистони сурх” (1950) таъсис шуд, КМ ПК(б) Ӯзбекистон Расул Ҳодизодаро мудири маданият ва маишати он газета тайин намуда, ӯро барои ба роҳ мондани ин соҳаи кори рӯзнома сафарбар кард.
Баъди сипарӣ шудани мӯҳлати аспирантура ва
ҳимояи диссертатсияи номзадӣ Расул Ҳодизода ба
узвияти Иттифоқи нависандагони СССР қабул гардид ва
барои кор дар вазифаи мушовири адабиёти тоҷик дар
Правленияи Иттифоқи нависандагони СССР дар Москва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё