Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
илмии дуруст бурда истодаам ва заррае ба илми микробиология манфиате расонида, вақти худро беҳуда сарф накардаам.
Вақтҳои холӣ ҳама ба консертҳо, театр, музей ва сайру гашти атрофи Маскав мебаромадем ва ё ба меҳмонии дӯстон мерафтем ва ё дар хонаи эҷодии адибон (Дом творчество писателей) дар Малеевка, Переделкино, ки берун аз шаҳр воқеъ буд, истироҳат мекардем, гоҳ дар баҳри Сиёҳ (Гагара, Писундра, Коктебел) ё Рижское взмореи Прибалтика-Дубулти, ки онҷо ҳам хонаи эҷодӣ барои нависандагони шӯравӣ буд, истироҳат мекардем. Дар ҳамаи ин хонаи эҷодии нависандагон ба дидори ҳамкасбону ҳамқаламону дӯстон метавон расидан ошноҳои нав ҳам пайдо мекарданд, ки аз ин ошноӣ ва дӯстӣ хеле хушҳол ва бо як қувваи нави эҷодӣ ва илмӣ ба манзил бармегаштем.
Ҳаргоҳе, ки хушнуд ва табъу корҳояш хуб буд, суханҳои ҳазломезро бо оҳанги хоси ҳаҷвӣ замзама карда, назди мо меомаданду сӯҳбату ҳазл ва ҳолпурсӣ мекарданд. Ин ба ҳамаи мо як ҳисси рӯҳии дигар медод, ки аз ин суруди ҳаҷвиашон баҳра бурда, табассуми қаноатмандона мекардем.
Вақте ки илҳом ва имкони кори илмӣ ва эҷодию адабиашон пайдо мешуд, устод ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, сари миз менишастанду фикрҳои худро менавистанд. Ҳатто дар вақти парвоз вақтро ғанимат дониста, машғули кор мешуданд.
Рӯзҳое, ки аз корҳои илмӣ ва ё эҷодии худ қаноатманд мешуданд, бо як хушҳолӣ бо ёру дӯстон, ҳамкасбону шогирдон ва хонавода сӯҳбатҳои дилхуш мегузарониданд, дастурхон меоростанд ва мусиқӣ гӯш мекарданд. Ё бо фарзандонамон ва гоҳ боз ягон дӯстамонро ҳамроҳ гирифта, ба сайру гашту берун аз шаҳр мерафтем, онҷо истироҳат мекардем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо