Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  • Ман дар ин бора шунидан ҳам намехоҳам ва шумо ҳам дар ин бора чизе нагӯеду аҳамият ҳам надиҳед ва ман дигар нашунавам.

Ҳар касе, ки бадхоҳӣ мекунад, барои худаш мекунад, бало ба пасаш. Ман дар хона бояд истироҳат кунам, аз ин гапҳо озод бошаму кори ба ҷамъият фоиданокро иҷро намоям. Майнаамро бо ҳар хел гапҳои фитнаовар ва бехуда гаранг накунам.

Бисёр вақтҳо ҳис мекардам, ки ягон ҳодисаи нохуше рух дода бошад, ба мо чизе намегуфтанд, ки боиси дилтангӣ ва ташвиши хонавода шавад. Танҳо пас аз чанде дар ин бора ишорае намуда, нӯгашро мебароварданду мегуфтанд: ҳамааш гузашту рафт, биёед дар бораи корҳои неку хуш фикр кунем ва зиндагии ояндаамонро бинем.

Ҳар як сафари истироҳатии рухсатӣ ва ё илмию адабии устод бисёр вақт бо фарзандонамон – Фарангису Фаридун мегузашт ва ин рӯзҳои фаромӯшнашаванда ва нотакрор барои ҳамаи мо буд. Рӯзонаҳо то вақти муайяни даркорӣ ва корҳои илмиву адабии худ ба пеши ҳамкасбон ва дӯстони дар Институти шарқшиносии АФ СССР буда, нашриёт, Иттифоқи нависандагони СССР ё ба Китобхонаи Ленин ва монандӣ инҳо мерафтанд.

Ман ҳам бисёр вақтҳо командировка барои иҷрои корҳои илмӣ ва маслиҳат бо устодони Институти микробиологияи АФ СССР ва Донишгоҳи Ломоносови Маскав мерафтам. Онҷо дар лабораторияи микробиологӣ тадқиқотҳои илмии худро, ки аз ҷиҳати таҷҳизотӣ имконияти пурра мавҷуд буд, иҷро менамудам ва бо донишмандони ин соҳа, ки дар тадқиқотҳои худ иштибоҳе пайдо мекардам ва аз онҳо сабақ ва маслиҳатҳо мегирифтам. Агар ин олимон корҳои тадқиқотии маро ҳартарафа дида баромада, тасдиқ кунанд, онҳо бо як ҳавасмандии том хушҳол мешудам, ки тадқиқотҳои

пешина
аз 315
навбатӣ