Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

наздик мерасид, Ҳорун хеле дар ташвиш буд. Ӯ мехост, ки як туҳфаи дилнишин аз номи худаш ба бобояш тақдим кунад ва хоҳиш мекард, ки ӯро ба мағоза баранду худаш чизи хуш омада ва даркориро харад. Ҳарзамон назди бобояш омада, мепурсид, ки чӣ маъқул ва чӣ мехоҳанд дошта бошанд. Вақте ки ба мағоза рафтаӣ мешудем, аз бобояш хоҳиш мекард, ки он кас дар хона монанд у истироҳат кунанд, то ки чӣ харидан ва интихоби ӯро то зодрӯз надонанд. Агар бобо ҳамроҳи мо бошанд, он вақт Ҳорун ба ҳамон тарафи дилхоҳаш мерафту бо мо пинҳонӣ маслиҳат мекард ва агар маъқул шавад, онҳоҳ бобояшро бо баҳонае ба ягон сӯи дигар мебурд, то ки он кас набинандӯ надонанд ва модараш-Фарангис имконияти харид дошта бошанд. Пас аз чанде бо бобояш чақ-чақкунон бо як хушҳолию хурсанди назди мо меомад.

Бори аввал мо (ба ғайр аз бародарҳояш) ин рафтори ӯро пай набурдем, ки чаро ӯ танҳо бо бобояш барои дастшӯӣ мераваду инқадар тӯл мекашад ва мо дар ташвишем. Пас Ромин моро ором намуда, гуфт, ки инро Ҳорун махсус мекунад.

Худи бобо ба доноии ӯ сар фароварда, бо як табассум ва қаноатмандӣ худро ба нодонӣ мезаданд, ки ин боиси хурсандии набераи ҳафтсолаашон буд.

Ҳамон рӯзи зодрӯз-6 марти соли 2009 мо ҳамагӣ ба маросими ба бибии Ҳорун супоридани ҷоизаи “Клуба” рафта будем. Дар ин маросим бибиро ҳама ӯру дӯстону ҳамкоронашон бо як оҳанги мусиқии хоси самимии табрику муборакбод менамуданд. Пас сухан ба худи бибӣ-Патришин Венс дода шуд, ки он кас ташаккури худро изҳор карданд ва дар Амрико будани моро ба дӯстон ҳам муаррифӣ намуданд. Ҳама хушҳол будем ва соатҳои 11-12 шаб ба хона баргаштем.

пешина
аз 315
навбатӣ