Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Агар ман ҳамроҳашон мерафтам, ҳарду бисёртар хомӯш мегаштем, медонистам, ки он кас дар бораи ягон нақшаи кориашон фикр мекунанд. Вақте ки гиреҳи нақшаашон кушода мешуд, бо як қаноатмандию хурсандӣ ба ман мегуфтанд ва пас ба хона бо дили кушод бармегаштем.
Гоҳе дар хона, алалхусус дар ошхона ҳангоми бо ягон кор машғул буданам, наздам омада, аз ҳар ҷо сухан меронданд ва ногоҳ ба пасам нигоҳ мекардам, ки касе нест ва овози чопи мошина аз хонаи корӣ мебарояд. Он гоҳ пай мебурдам, ки чизе ба хотир омаду онро сабт карда истодаанд. Вале солҳои охир бо компютер сари кор доштанд, овози чоп шунида намешуд ва ман танҳо дар вақти надашон рафтан дар сари мизи корӣ медидам.
Ҳоло (9.07.2011) дар дастам рӯзномаи сафариашонро, ки бори охир дар Амрико буданд, дорам ва он ҷо чунин навишта шудааст:
“6.03.2009. Имрӯз субҳ Ҳорун бо шодиву сурур пеши ман даромада, туҳфаҳо ва табрикоти чанд рӯз бо тараддуд гӯё “рустӣ” аз ман омодакардаашро супурд. Гуфтам, ин рӯзи ниҳоят барои ман азиз бо он сабаб, ки Ҳорун акнун ба мо унс гирифта, набераю бобою бибӣ буданамонро ҳис карда, бошуурона маро табрик мегӯяд.
Бегоҳ соати 6 ба шаҳри Карлайл, ки дар Коллеҷ-донишгоҳи онҳо маросими ҷоизаи Клубаро ба бибӣ* супурдан буд, рафтем. Дар толори калон мизҳои зиёфатӣ ороста буд. Ҳам зиёфату ҳам маросими супурдани ҷоиза хеле пуршукӯҳу самимона гузашт.”
Ҳоло даҳ рӯз аст, ки ман дар Амрико ва ин рӯзномаашонро мехонаму рӯзҳои гузашта аз пеши назар як-як мегузаранд. Дар хотир дорам, ки зодрӯзи бобо
*Бибӣ — модари домод Чарлз, ки ба ҳайси сенатори штати Пенсилвания аз соли 2005 интихоб шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо