Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
буданд ва устод ҳамон вақтҳо ба қобилиятнокии Расулхон аҳамият додаанд ва бо таваҷҷӯҳ нигоҳ мекардаанд. Дар вақтҳои шинос набуданам ва ғоибона донистанам аз бисёриҳо шунидам, ки Ҳодизода Расулхон ҷавони боғайрат ва боистеъдоданд. Дар ҳақиқат ман ба ин ҷуз аз рӯзҳои шиносоӣ ва пас дар муддати зиндагиамон боварии комил ҳосил кардам. Он кас на ин ки истеъдоди худодод доштанд, балки боинтизом ва ҷиддӣ дар ҳар кор буданд. Дар яке аз мактубҳояшон соли 1956, 28 декабр ба ман чунин нависта буданд:
"...Азизам, ман Шуморо аз хотир набаровардаам (ба фикрам Шумо ҳам инчунин) ин гуна фикр кардан содалавҳона аст. Хубтараш биёед дар ин хусус чизе нагӯем. Рӯзҳои охир ман хеле серкор будам. Дар бораи санъати шеъри Рӯдакӣ мақола навиштам, агар ман чизе дар ягон хусус нависам ва он ба ман хеле ҳам маъқул бошад, онгоҳ ман ҳамаро фаромӯш мекунаму ғарқи ин фикру хаёл мешавам. Чизе хонда наметавонам, дар хобам мебинам, ки мақола менависам, шеър мехонам. Кам мехобам, вале худамро бардам ҳис мекунам, рӯҳиям хуш аст... мана дар ҳамин рӯзҳо ин мақоларо ба охир расонидам. Нақшаи институт иҷро шуд. Вале дигар корҳо ҳастанд, ки то охири декабр ва аввали январ бояд дар бораи ҷилди 1 Куллиёти Айнӣ эзоҳ нависам ва боз ду мақола барои рӯзнома, якчанд шеъри Ҳайратро ба чоп тайёр намуда, ба маҷаллаи “Шарқи Сурх” супоридан лозим меояд. Ҳамаи инро дар аввали сол иҷро намуда, пас пеши Шумо, азизам, меравам, хеле ва хеле ҳам Шуморо пазмон шудаам. Ҳамаи он чизе, ки ҳоло кардам, ба хаёлам бисёр кам аст. Ман нақшаҳои хеле зиёде дорам, баъзан онҳо чунон бузурганд, ки худам метарсам, аз уҳдааш мебаромада бошам. Вале ба назарам касе ки ба худаш зарурати ягон корро дошта бошад, онгоҳ ӯ инро ҳатман иҷро мекунад. Ва ман умедворам, орзу дорам, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо