Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Ман ҳам хеле ғамгин шудам ва афсус хӯрдам, ки чунин шахси бузург ва устоди ҳама — Айнӣро дигар намебинем. Устодро солҳои дар мактаб хонданам дида будам. Ҳамон солҳо мактаби мо намунавӣ ва овозадор буд, ки мактаби миёнаи духтаронаи №10 номи Садриддин Айнӣро дошт ва устод якчанд бор ба мактаби мо омада, аз аҳволи мо хабар мегирифтанд ва маслиҳатҳо медоданд. Дар хотир дорам, ки боре баъд аз баромадам (барандаи намоиш будам) ва шеърхониам устод пеши ман омада, пурсиданд, ки ман духтари кадоме аз Шаҳобовҳо мешавам. Гуфтам, ки духтари духтур. Ҳа, духтари Бадриддин, яъне Аълохон, ки номи дигар ҳам доранд, гуфтанд. Пас пурсиданд, ҳоло падарат куҷост? Гуфтам: — Дар ҷанг. Сарашонро ҳам карда, тасдиқ карда гуфтанд, саломашонро ҳатман ба модаркалонам расонам.
Боре дар чорчӯбаи хеле зебое, ки онро ба мо дӯстони эронӣ дар Амрико тӯҳфа карда буданд, акси ҳамсарам — Расулхонро ҷой додам. Инро диданду гуфтанд:
— На, инҷо расми устод Айнӣро монед.
— Хайр, расмашонро ёбам, баъд мемонам, гуфтаму ба корҳои худ машғул шудам.
Пас аз чанде бинам, худашон дар чорчӯба расми устодро мондаанд.
Дар ёд дорам, то дар ҳаёт будани холамулло (ҳамсари Садриддин Айнӣ) ва Холидахон (духтари калониашон) ба аёдаташон бо фарзандонам мерафтем, хеле хурсанд мешуданд ва аз саргузашти хонавода ҳикояҳо мекарданд ва мегуфтанд, ки шумоён тез-тез омада истед — рафтани мо душвор аст. Дар ҳақиқат ҳам ба ошёнаи сеюм баромадани онҳо чандон осон набуд. Ман бо Лутфия ва Холидахон дар Маскав ошно шуда будам ва рафтуомад доштем.
Расулхон дар айёми бачагӣ ҳамроҳи падарашон ба хонаи устод мерафтаанд ва бо оилаи он кас ошно шуда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо