Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Инак, имрӯз расо 58 сол шудааст, ки он мактубро чун гавҳараки чашм эҳтиёткорона ҳар ду нигоҳ доштем ва иншооллоҳ, то ман ҳастам, он бо ман хоҳад монд.

Рӯзи якшанбеи дуюми ваъдагӣ расид ва мо вохӯрдему дар шаҳр сайру гашт карда, ба тамошои музей даромадем. Ҳаргоҳ ба худам суол медодам, ки агар ҳоло аз ман пурсанд, ки навиштаҳои маро хондед ва акнун чӣ ҷавоб медиҳед. Ҳа ё не гуфтанамро намедонистам ва дар ҳамин вақт ба ман муроҷиат намуда, пурсиданд. Баширахон, навиштаҳои маро хондед ва агар хонда бошед, чӣ ҷавоб медиҳед?

Ман лаҳзае хомӯш мондаму пас гуфтам: Онҷо ба назарам суол набуд, дурусттараш шарҳи ҳол буд. Ку бубинем, гузашти айём ҳамаро ҷо ба ҷо мемонад, гуфтаму худам дар дил ба таҳлили суханҳоям саргарм шудам, ки дар ҳақиқат дуруст мегӯям ё на.

Баъд аз ин мулоқотҳои мо гоҳе пас аз дарс то хобгоҳ ва гоҳе рӯзҳои истироҳат дар шаҳр ё тамошои филм, театр, музей ва ғайра воқеъ мегардид. Ман барои санҷиш ва ё риояи хислати духтарони шарқ, ки пардаи шарму ҳаё дар тинаташон вуҷуд дорад, худамро баъзан дур мекашидам ва ба мулоқотҳои ваъдагӣ намерафтам.

Рӯзе мо қарор додем, ки баъд аз дарс соатҳои наздик ба 4 вомехӯрем, вале ба ман чӣ коре дар донишгоҳ пайдо шуд ва ман рафта натавонистам. Соати 8 бегоҳ ба хона бармегаштам, ки дар ҳамон ҷои ваъдагӣ, истгоҳи метрои Павелетский Расулхон дар курсӣ нишаста, китоб мехонданду чизе дар қоғаз менавиштанд ва ҳаргоҳ ба атроф нигоҳ мекунанд. Аз аввали ошноямон пай бурдам, ки дар вақти интизорӣ албатта ягон китоб ё маҷалла мехонданд ё дар қоғаз чизеро қайд мекарданд. Ҳуллас, бекор намеистоданд ва ҳар дақиқаро ғанимат медонистанд ва ин дафъа ҳамон “Арафа”-и И. С.

пешина
аз 315
навбатӣ