Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

баромадаму либоси болопӯшамро кашида, мактубро аз ҷифам гирифтам.

Духтарони дар хона буда, омадӣ, гуфтанд ва мактуби дар дастам бударо дида, ана, боз аз хона ҳам хабаре омадааст, чӣ хушбахтист!

Ман болои кат нишастам ва мактубро мекушодаму дилам ба тапиш медаромад, дар 10 саҳифа ба хатти майда ва зич чӣ навишта бошанд? Мактубро мехондаму дар ҳайрат мемондам, ки ҳамаи ин вохӯрӣ ва мулоқотҳои кӯтоҳи мо дар хотири он кас нақш бастаанду бо як эҳсоси баланд инҷо муфассал тасвир шудаанд. Бори дигар мактубро хондам ва он ҳамаро дар дил тасдиқ мекардам, ки ҳамин тавр буд ва дар дили ман ҳам чизе ҳаст, вале боз ба худ бовариам намеомад. Инро санҷидан лозим гуфта, ба худ аҳд мекардам.

Духтарони ҳамхона дуру дароз хондан ва ба андеша рафтанамро дида, суол медоданд, ки онҷо чӣ навишта шудааст ва ин қадар фикру хаёл мекунам.

Ман гуфтам: як “дугонаам” чанд вақт боз нанавишта буд ва ҳоло ҳамаи воқеаҳои гузаштаро, ки ман онҷо набудам, навиштааст ва илова кардам, ки ӯ қалами нависандагӣ дорад, бинобар ин навиштаҳои ӯ чун ҳикоя баромадааст ва онро кас ба завқ мехонад. Дигар дар ин бора ба касе чизе намегуфтам ва боз хоҳиши он кас дар мактуб ин буд: “Аз шумо хоҳиш мекунам дар ин хусус ба касе чизе нагуед, зеро ман намехоҳам, он ҳиссиёти нисбат ба шумо доштаамро, ки эҳтиёткорона парварида омадаам, ҳар кас зери пой кунад ва бо ғалатфаҳмии худ, онро асбоби ханда гардонад. Иҷрои ин хоҳиши ман олиҳимматӣ ва наҷобати шумост. Коғазро низ ба касе, ҳатто ба одамони ба қалбатон наздиктарин, ба рафиқатон низ нишон надиҳед, танҳо бо талқин ва бо тақвияти қалби худ рафтор кунед...”

пешина
аз 315
навбатӣ