Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
ҳимоя намудаанд, ки имрӯз дар пешрафти илми филология, саҳми назаррас доранд. Аз ҷумлаи онҳо Исматулло Ҳидоятов, Садрӣ Саъдиев, Мирзо Муллоаҳмадов, Усмон Каримов, Аҳмад Абдуллоев, Муҳаббат Ҷалилова, Зулфия Ҳасанова, Низомиддин Зоҳидов, Музаффари Муҳаммадӣ, Замир Саъдулло, Абдурашид Самадов, Искандар Икромов, Замира Ғаффорова, Анзурати Маликзод, Шодӣ Шокирзода ва дигарон мебошанд, ки имрӯз давомдиҳандаи роҳи устоди хешанд.
Хушбахтона, яке аз шогирдони вафодор ва қадршиноси устод — Анзурати Маликзод, бонуи нуктасанҷ, хушгуфтору хушрафтор ва олими пуркор, имрӯз ҳамроҳи мо дар шуъбаи таърихи адабиёт кор мекунанд. Ва ӯ низ мисли устоди худ китобҳо таълиф кардаву шогирдонро тарбия мекунад. Муаллима аз устоди худ ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд. Ҳар гоҳе ки аз ӯ ёдовар мешаванд, аз муомилаи хуби устодонаву падаронаи ӯ нисбат ба шогирд ва тавсияву маслиҳатҳои беғаразонаву бетамаъонаи устод дар ҷодаи илм мегӯянду аз кам будани шумори чунин устодон дар айни замон таассуф мехӯранд.
Аз нақли худи устод Ҳодизода ӯ аз кӯдакӣ ба навиштану хондан завқу рағбат дошта, ҳаваси дар таърихи кишвар, хусусан Самарқанд ба ҳайси олим кор карданро дар дил мепарваридааст.7
Камина мехоҳам роҷеъ ба мукотибаи Расул Ҳодизода бо устод Айнӣ ва таассуроте, ки аз китоби “Худоё, худро бишносам” бардоштаам, чун қатрае аз баҳри навиштаҳои устод, ки ба соҳаи адабиёт ва
7 Расул Ҳодизода. Худоё, худро бишносам. Душанбе, Деваштич, 2006, 372 саҳ., саҳ. 348. (Минбаъд номи китоб ва саҳифаи он зикр карда мешавад)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё