Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
муносибати эшон ба илми адабиёт ва сифатҳои худи ӯ рабт доранд, изҳори андеша намоям.
Мавсуф бо устод Садриддин Айнӣ чун шогирди вафодор мукотиба доштанд. Ва чанд мактубе низ навиштаанд, ки тавассути онҳо аз устод Айнӣ барои интихоби мавзӯъ, роҳбар ё ҳаллу фасли корҳои илмӣ маслиҳатҳо гирифта, назари устодро фаҳмидан мехостааст. Дар яке аз мактубҳояш, ки ҳангоми дар Тошканд таҳсил карданаш ба устод Айнӣ навишта буд, аз завқу ҳавасаш ба таърихи адабиёт ва аз набудани мутахассис дар соҳаи адабиёт зикр шудааст. Аз ин сабаб ба устод Айнӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ба кори дипломиаш роҳбарӣ намояд:
«Устоди муҳтарам.
Пас аз фикру мулоҳизаи бисёр, хостам дар охир, пеш аз ҳама, ба шумо муроҷиат намоям. Дар факулта барои кори дипломӣ чанде мавзӯъҳо ба ман пешниҳод карда буданд, вале бештарини онҳо ба ман маъқул нашуд. Дар интихоб намудани мавзӯъ касе ба ман маслиҳати дуруст ҳам дода натавонист, худи ман дурудароз барои ин фикр мекардам. Маро бештар мавзӯе аз таърихи адабиёти тоҷик ҳавасангез буд. Душвории интихоб намудани як мавзӯъро бе роҳбар ё машваратчии хубе дар ҳамин вақт фаҳмидам. Дар рӯзҳои охир чанде мавзӯъҳоро ба факултет пешниҳод карда будам, аз онҳо танҳо мавзӯи «Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик»-ро писандиданд ва худам ҳам пас аз тартиб додани план ва ҳаҷми кор ба ин мавзӯъ ҳаваси калон пайдо кардам. Вале дар ин ҷо, дар соҳаи адабиёти тоҷик мутахассиси таҷрибадор нест, ки ба кори дипломии ман роҳбарӣ намуданро қабул кунад. Аз ин сабаб, хостам пеш аз муроҷиати расмии факулта (зеро дар совети илмӣ низ ҳаминро маслиҳат доданд), худам ба шумо муроҷиат намоям. Ин кори аввалини ҷиддии илмии ман аст ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ