Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
(1980), «Бахт дар чист?» (1978), «Маздак» (1980) ба ҷо гузоштааст. Илова бар ҳунари нависандагӣ китобҳои илмии вай дар ҳавзаи адабиёт низ аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст ва осораш аз сӯи донишмандон баҳои баланд гирифтааст. Абдунабӣ Сатторзода яке аз шинохтатарин донишмандони бузурги тоҷик дар бораи шахсияти илмии Ҳодизода чунин ақида дорад: «Дар Самарқанд адабиётшиноси тавоно шудан низ пас аз бузургоне мисли Давлатшоҳи Самарқандӣ, Малеҳои Самарқандӣ, Мутрибии Самарқандӣ, профессорон Холиқ Мирзоодаи Самарқандӣ ва Расул Ҳодизодаи Самарқандӣ мушкил мебошад» (Абдунабӣ Сатторзода. Озодмарди хирадгустар. Душанбе, 2021. С. 4). Ҳар шахсе, ки осори Расул Ҳодизодаро мутолиа карда бошад фикр кунам бо назари устод Абдунабӣ Сатторзода мувофиқ бошад. Китобҳои илмии «Ашъори Рӯдакӣ», «Бӯйи ҷӯйи Мулиён», «Сапедадам», «Самарқандиён чӣ мегӯянд?» (1382, нашр дар Теҳрон), «Самарқанднома» (2007), «Калила ва Димна» (1966), аз осори маъруфи илмии ӯст.
Расул Ҳодизода дар охири умри худ шурӯъ ба хотиранависӣ карданд ва хотироти умри бобаракати худро дар китоби «Худоё, худро бишносам» барои шогирдону дӯстдоронаш ба нашр расонданд, ки яке аз боарзиштарин китоб дар ҳавзаи хотиранависӣ ва ёддоштнависӣ ба ҳисоб меояд. Агар касе шавқи сафар ба замони шӯравӣ ва донистани муҳити адабӣ, сиёсӣ, фарҳангии он давраро дошта бошад ин китоб манбаъ ва марҷаи хубе бароиш хоҳад буд.
Нигориши ёддоштнома, сафарнома, зиндагинома дар адабиёти классикии мо собиқа дорад, аммо хотиранигорӣ ба сабки аврупоиҳо собиқа надорад. Хотиранигорӣ ба сабки ғарбиён дар Эрон аз давраи Қоҷор ва дар Тоҷикистон аз давраи шӯравӣ шурӯъ мешавад. Ҳунармандон, сиёсатмадорон, адибон ва ҳатто

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё