Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дониш ба Русия буда, санаҳо ва тафсилоти ин сафарҳоро дар бар мегирад.

Устод Ҳодизода баъдан чанд асари ҳуҷҷатию адабии дигар ҳам дар мавриди Аҳмади Дониш таълиф ва чоп намуданд, ки заминаи мусоиде барои эҷоди романи “Ситорае дар тирашаб” гардидаанд. Ба монандӣ “Саёҳат аз Бухоро ба Петербург” (1960) , қиссаи “Сапедадам” (1970) ва инчунин киноповести “Ситорае дар зулмот” (1971).

Ба ҳамин минвол, устод Расул Ҳодизода дар муддати беш аз сӣ сол ба омӯзиши ҳаёту эҷодиёти Аҳмади Дониш машғул шуда, дар ин замина чанд мақолау рисолаи илмӣ ва асарҳои бадеӣ навишта, ниҳоят, дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта муваффақ ба эҷоду нашри романи “Ситорае дар тирашаб” мегардад.

Дар роман вазъи асафбори ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии асри XIX, мушкилоти рӯзафзуни мардуми Осиёи Марказӣ дар замони ҳукмронии сулолаи манғитҳо, ақибуфтодагии манотиқи Осиёи Марказӣ аз кишварҳои ҳамҷавор, буҳрони фарҳангию мафкуравӣ, адами шароити мусоид барои зиндагии мураффаҳ ва ниҳоят талошҳои иддаи гурӯҳи хурде аз аҳли илму адаб барои беҳбуди вазъи мавҷуда ва ислоҳи сиёсату иқтисод ва, махсусан, маориф, дар мисоли адибу мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, таҷассум ёфтааст. Дар роман Бухорои асри XIX ба осмони тирашаб шабоҳат дода шудааст, ки дар он ситораҳо ягон-ягон рӯшании хирае доранд, ки аз ин миён фурӯғи яке аз ситораҳо чашмгир аст. Ин ситора ҳамоно Аҳмади Дониш, мулаққаб ба Аҳмади калла аст, ки худ аз ин муҳит ба танг омада, роҳи раҳоии аз ин вазъро дар таҷдиди сохтори давлатию ислоҳи соҳаҳои дахлдори иҷтимоӣ мебинад.

пешина
аз 315
навбатӣ