Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Устод Расул Ҳодизода то таълифи романи “Ситорае дар тирашаб” дар заминаи рӯзгору осори Аҳмади Дониш чанд рисолаи илмию адабӣ таълифу нашр карда, мунтахабе аз осори ӯро низ чоп карда буд. Ба омӯзиши ҳаёту эҷодиёти Аҳмади Дониш нависанда ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта шурӯъ намуда, корҳои муҳимме дар шинохти ин мутафаккири бузурги тоҷик сомон додааст. Дар баробари таълифу нашри рисолаҳои “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX” (1954), “Сарчашмаҳои таърихи адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX” (1956), Расул Ҳодизода соли 1957 порчаҳо аз “Наводир-ул-вақоеъ”-ро бо муқаддимаю тавзеҳот ва шарҳи рӯзгору осори Аҳмади Дониш ба чоп расонид. Аз муқаддимаю сухани хотимавии мухтасар доир ба ҳаёту эҷодиёти Дониш ва махсусан бахши танбеҳ маълум мешавад, ки устод Ҳодизода бо ҷидду ҷаҳди тамом ба омӯзиши савонеҳи рӯзгори адиб ва осори ӯ машғул гардида, барои дақиқ кардани баъзе лаҳзаҳои ҳаёти ӯ ҳуҷҷатҳои Бойгонии сиёсати берунии Русияро омӯхта, баъзе маводи нав пайдо намудааст. Чунончи, дар ин бора менависад: “Пас аз он ки маҷмӯаи Аҳмади Дониш ва ин сухани хотимавии мухтасар тайёр ва ба матбаа супорида шуда буд, мо, хушбахтона, имконият пайдо кардем, ки доир ба тарҷимаи ҳоли муаллиф чанде маълумотҳои нав ба даст оварем... Материалҳои Архив ба мо дар ин бобат баъзе материалҳои наве доданд, ки онҳо чанде саҳифаҳои торики ҳам тарҷимаи ҳол ва ҳам эҷодиёти Аҳмади Донишро ба мо равшан карданд” (Аҳмади Дониш. Порчаҳо аз “Наводир-ул-вақоеъ”. Ст.: Нашрдавтоҷик, 1957. – 247. – С. 223). Аз мутолиаи бахши мазкур бармеояд, ки маводи нав марбут ба сафарҳои Аҳмади

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё