Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
маслиҳат шуд, ки ман бояд дар шаҳри Самарқанд ҳимоя намоям. Рисоларо барои муҳокима ба кафедраи адабиёти Университети Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ ҷиҳати баррасӣ ва арзёбӣ гузошта, натиҷаи мусбат гирифта, пасон барои дифоъ омодагӣ гирифтам. Устод Расул Ҳодизода ба ҳайси роҳбари илмӣ тақризи мусбат навишта дар ҳимояам иштирок карданд.
Рисоларо моҳи ноябри соли 1970 дар Шӯрои илмии диссертатсионии Донишгоҳи Самарқанд бомуваффақият ҳимоя кардам ва баъди ним сол тавассути қарори ВАК-и Москва соҳиби дипломи номзади илми филология гардидам. Аз соли 1970 то соли 1975 таҳти роҳбарии мудири шӯъбаи таърихи адабиёти ба номи Рӯдакӣ профессор Расул Ҳодизода ба ҳайси ходими хурди илмӣ кор кардам. Дар тайи ин солҳо ба навиштани корҳои илмӣ зери назорати устод машғул шудам.
Дар шӯъбаи таърихи адабиёт таҳти роҳбарии профессор Расул Ҳодизода тақрибан 10-15 нафар ходимони илмӣ кор мекарданд. Дар муддати роҳбарии мавсуф 3 нафар рисолаи докторӣ ва 8 нафар номзадӣ дифоъ карданд. Аз ҷумла Садрӣ Саъдиев, Аҳмадҷон Абдуллоев ва Усмон Каримов – доктори илми филология ва 8 нафар: аз ҷумла банда, Чиллаев А. ва ходимони дигари шӯъбаи мазкур дар мавзӯъҳои гуногуни адабиёти классикӣ корҳои илмӣ навиштанд.
Тибқи нақшаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Академияи улуми Тоҷикистон бояд 6 ҷилди таърихи адабиёти классикии тоҷик навишта мешуд. Профессор Расул Ҳодизода дар ҳаҷми 4 ҷузъи чопӣ нақшаи дурнамои 6 ҷилдаро навишта, барои муҳокима пешниҳод намуданд, қабул гардид. Мебоист дар асоси нақшаҳои номбаршудаи шӯъба аз ҷониби ходимони шӯъбаи таърихи адабиёт 6 китоби очеркҳо навишта, чоп карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё