Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Мутобиқи нақшаи мазкур ходимони шӯъба камари ҳиммат баста ба навиштани шашҷилдаи таърихи адабиёти классикӣ шурӯъ карданд.
Бо ҳидоят ва роҳнамоии устод дар шӯъба бисёр асарҳои илмӣ-тадқиқотии берун аз шӯъба арзёбию баррасӣ мегардиданд. Аъзоёни шӯъба дастҷамъӣ (рисолаҳои илмии номзадӣю докториро) хонда, баҳо дода олимони нисбатан ҷавони шӯъба аз устоди зиндаёд роҳу равиши навиштани корҳои илмӣ, муҳокимаронӣ, баҳодиҳии илмиро омӯхтам.
Устод Расул Ҳодизода аз номи шӯъба ва Институт дар маҷлисҳо ва конфронсияҳои илмии Академияи улум ва хориҷ аз он бо маърӯзаҳои судманди илмӣ иштирок карда, илми шарқшиносии Тоҷикистонро овозадор менамуданд. Мавсуф дар миқёси шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ чун олим обрӯю эътибори махсус доштанд. Институтҳои шарқшиносии шаҳрҳои Москва, Ленинград, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон эшонро ҳамчун олими мубтакир ва ташаббускор, навҷӯю навовар ва нависандаи бомаҳорат эҳтиром ва қадршиносӣ мекарданд.
Яке аз хислатҳои хуби устод он буд, ки ҳангоми интихоби аспирантҳо аз кадом маҳал будан, ё ба кадом табақаи иҷтимоӣ мансубият доштани онҳоро фарқ намегузоштанд, барои устод пеш аз ҳама донишу хиради онҳо муҳим буд. Бинобар ин шогирдони устод аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, Ӯзбекистон масалан, аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бадахшон, Панҷакент, Кӯлоб, Сурхандарёю Қашқадарё, Самарқанду Бухоро, Афғонистон, Чин ва ғ. буданд.
Устод саёҳат карданро бисёр дӯст медоштанд. Мавсуф ҳар сол дар мавсими тобистон ҳамроҳи оилаашон ба хонаи эҷодии нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷа мисли: Москва, Ленинград, Ялта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё