Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба шӯъбаи дастхатҳо назди мудири он Юнусов Абдуллоҷон рафта, китоби тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро гирифта, чанд рӯз мутолиа намуда дар ҳаҷми 20 саҳифаи дастнавис китобиёт навишта, ба устод супоридам. Устод Расул Ҳодизода кори маро гирифта хонда, дар яке аз суҳбатҳо арз карданд, ки чизи навиштаат мешавад, каму беш завқи навиштани мақолаи илмиро доштаӣ. Баъдан таъкид карданд, ки ман бояд бештар мутолиа намоям, асарҳои илмию тадқиқотӣ, сарчашмаҳои адабиро хонда дар бораи онҳо фикр рондан, навиштанро ёд бигирам. Боз илова карданд, ки забони арабӣ ва забонҳои хориҷиро хонда, бо ин забонҳо мутолиа карданро омӯзам. Зеро адабиёти классикии форс-тоҷик аз муҳаққиқ инро тақозо менамояд.

Ман барои беҳбуд шудани кори илмиам ва аз худ кардани забони арабӣ ба курсҳои арабӣ ва англисии Академияи улум ва пасон Университети ба номи В.И. Ленин иштирок карда ҳамчун донишҷӯ чанд моҳ аз устодон Бердиева, Матин Ҳусейнзода, Мӯъминов ва Ҳасан Наққош таълим гирифтам.

Ғайр аз ин устод фармуданд, ки девони Асириддини Ахсикатиро, ки бо сабки мушкили ироқӣ навишта шудааст, хонда луғату таркибҳои девони шоирро аз худ намоям, сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва тазкираҳо ва қомусу асарҳои Шарқу Ғарбро хонда, конспект созам.

Устод Расул Ҳодизода нисбат ба ман бисёр серталаб буданд, шояд аз он сабаб бошад, ки ман аспиранти нахустинашон будам. Баъд аз муҳокимаи илмӣ дар шӯъба ва шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ рисолаи номзадиям таҳти унвони «Ҳаёт ва эҷодиёти шоири асри XII-и форс-тоҷик Асириддини Ахсикатӣ» барои дифоъ пешниҳод шуд. Азбаски Шӯрои дифои Университети миллии Тоҷикистон тӯл кашид,

пешина
аз 315
навбатӣ