Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
дилкушо»-и шоири номашҳури асри XIV Соҳиб, «Народи Азии и Африки», 1961, №4) оғоз шуда буд. Худи ҳамин ду мақола аз чашмандози пурвусъат ва доираи васеи тадқиқоти Расул Ҳодизода дарак медод. Вале фикру зикри муҳаққиқ ба сӯи дигар мутамарказонида шуда буд. Он кас бештар аз рӯи эҷодиёт ва муҳити адабии Аҳмади Дониш кор мекарданд. Ин даврае буд, ки Осиёи Миёна ба Русия ҳамроҳ карда шуда буд. Бухоро аз хоби гарони асримиёнагӣ бедор шудан мехост, дар адабиёт насими тозаи афкори маорифпарварӣ вазида нуфуз ва эътибори он дар афкори ҷамъиятӣ ниҳоят қавӣ мегардид. Сарвари ин ҷараён Аҳмади Дониш буд. Роҷеъ ба адабиёти ин давр, зиндагию эҷодиёти Аҳмади Дониш ва баъзе муосирони ӯ ишораҳо, ёддоштҳо, мақолаҳо ва рисолаҳои Устод Айнӣ, Е.Э. Бертелс, Б. Ғафуров, С. Улуғзода, Х. Мирзозода, А. Мирзоев, Т. Неъматзода, А.М. Баҳоваддинов, З.Ш. Раҷабов, Г. Галимова ва дигарон мавҷуд буданд, мавзӯъ пажӯҳиши жарф ва пургустаришеро тақозо мекард. Ин вазифаи душвори илмиро Расул Ҳодизода анҷом дод. Натиҷаи ниҳоии он дар рисолаи пурарзиши ӯ «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX» (1968), диссертатсияи доктории вай «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик», мақолаи «Гуфтор дар бораи Ҳайрат» (1964), рисолаҳои «Шоҳин» (1974) ва «Аҳмади Дониш» (1964) ҷамъбаст шудааст. Бо кӯшишҳову ҷустуҷӯи хастагинопазири Расул Ҳодизода ҳатто сурати аслии Аҳмади Дониш пайдо гардид. Кашфи реализми маорифпарварӣ чун методи эҷодии Аҳмади Дониш низ ба ӯ тааллуқ дорад.
Кори дигаре, ки Расул Ҳодизода ба анҷоми он ҷиддан шавқманд буд, таълифи таърихи адабиёти тоҷик аст. Вай асари шодравон Е.Э. Бертелс «Таърихи адабиёти форсу тоҷик» (1960)-ро ҷилди аввали он шинохта, мехост ҷилдҳои минбаъдаро бо ҳамкории олимони Москваю

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё