Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон шодравон Абдулғанӣ Мирзоев барои кор ба Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Тоҷикистон даъват намуд. Мудири секторамон Расул Ҳодизода буданд. Он кас маро хуш пазируфта, ҷои корамро нишон доданд ва фармуданд, ки рӯйхати адабиётеро, ки барои алифбои адабиётшиносиро ёд гирифтан зарур аст, тартиб диҳам. Ман баъди чанд рӯзи ҷустуҷӯҳо феҳристеро тартиб додам, ки қариб сесад таърихи адабиёт, осори адибон ва асарҳои назариявии тоҷикӣ-форсӣ, русӣ ва ӯзбекиро шомил буд. Муаллим онро аз назар гузаронда, қисмеро хат заданд ва чанд асари дигарро, ки дар бораи улуми адабӣ, тадқиқи ҷиҳатҳои бадеии адабиёт, ҷаҳонбинии адибон, назарияи адабиёт ва сувари хаёл буданд, тавсия намуданд. Баъд бо ҳидояти он кас тазкираҳои Сироҷиддин Алихони Орзу «Хизонаи омира» ва Шерхони Лудӣ «Миръот-ул-хаёл»-ро мутолиа карда, номномаҳои онҳоро тартиб додам. Сипас фармуданд, ки девони Салмони Совачиро хонда, навиштани кори илмиро машқ кунам. Бо тавсияи он кас ба «Шарқи сурх» роҳ ёфтам ва намунаи осори Салмони Совачиро бо муқаддимае дар саҳифаҳои он маҷалла чоп кунондам. Вале моҳи августи ҳамон сол ба муносибати ҷашни 550-солагии зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар нашри осори ӯ иштирок кардан маро ба сектори матншиносӣ гузаронданд ва бо ҳамин ман аз итоати он кас баромадам. Касбам ҳам дигар – матншиносӣ шуд. Аммо дар ҳамаи корҳои илмиам минбаъд ҳам аз тарҳандешию банақшагирӣ то муҳокимаи охирин аз он кас маслиҳат мегирам.

Воқеан, аз соли 1961 боз тамоми осори матбӯи Расул Ҳодизодаро бо камоли завқ мехонам. Ин ошноии мураттаб аз мутолиаи мақолаҳои ӯ «Ҳаётро мукаммалтар ва амиқтар нишон диҳем» («Шарқи сурх», 1961, 7) ва «Як пайравии номаълум ба «Шоҳнома» (оид ба «Дафтари

пешина
аз 315
навбатӣ