Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
бисёр маврид мавқеи дар ҷамъиятдоштаи онҳоро бо диди худ баён менамояд.
Аз ҳамин лиҳоз, чунонки худи нависанда таъкид менамояд, онҳо ба се гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи аввал шахсони синну солашон калон ва таҷрибаҳои зиёди рӯзгорро паси сар карда, ҳамчун волидайн ва хешовандони муаллиф, устод Садриддин Айнӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Тамҳид, Вадуд Маҳмудӣ ва ғайра, ки нависанда аксари онҳоро бо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хос ёдовар шудааст. Аз намояндагони ҳамин гурӯҳ вай ба падараш — ҷонфидои соҳаи маориф Ҳайдар Ҳодизода ва устоди беҳамтояш Садриддин Айнӣ саҳифаҳои саршори меҳру муҳаббатро бахшидааст.
Гурӯҳи дуюм шахсоне, ки нисбат ба муаллиф андаке калонсолтар буда, ба майдони адабиёт аз ӯ пештар дохил шуда, бо ҷузъиёти ҷудогонаашон барои ба олами адаб дохил шудани Расули ҷавон саҳм гузоштаанд. Ба ин гурӯҳ Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода ва монандӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст.
Гурӯҳи сеюм ҳамсолону шарикдарсон ва ҳамкорони худи муаллиф ҳамчун Надимхон Беҳбудӣ, Шавкат Ниёзӣ ва монандӣ инҳоянд.
Ҷолиби диққат аст, ки муаллиф дар бораи шаҷараи худ (авлод, силсилаи ному насаби хонавода) маълумоти саҳеҳе додааст. Ӯ муайян намудааст, ки аҷдоди ӯ аз тарафи падарӣ ба Машҳад ва аз тарафи модарӣ ба хоҷагони ӯзбекияи мавзеи қазоқҳоҷа рафта мерасад. Зимни овардани авлоду насаб муаллиф боз дар бораи таърихи як қатор арзишҳои миллӣ ва урфу одатҳои ба хонаводаҳои хоҷагон хос маълумоти шоён медиҳад.
Таҷрибаи ғанӣ ва хоси нигорандагӣ ба муаллифи китоб имкон додааст, ки дар бораи манзараҳои ҷолиби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё