Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Помир, Қаротегин, Вахшу Ҳисор садҳо маротиба кам намуд. Дар солҳои 1950 - 1960 авиация дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушднамудаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумори мерафт.

Дар соли 1958 фаъолиятҳои мақсаднок оид ба татбиқ ва истифода бурдани воситаҳои назорати парвозҳо ва идоракунии ҳаракати ҳавоӣ шурӯъ шуда, дастурамалҳо қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Дастурамал оид ба истифодабарии бақайдгирии аксӣ (фоторегистрация) барои назорати объективии сифати фуруд омадани ҳавопаймо» ва каме дертар «Дастурамал оид ба ташкил ва идора намудани ҳаракати ҳавопаймоҳо дар роҳҳои ҳавоии СССР», ки сохтори мукаммалтарини ташкилии хизматрасонии ҳаракатро дар роҳҳои ҳавоӣ, дар минтақаҳои фурудгоҳҳо муайян намуда, вазифаҳои онро васеъ менамуд.

Чӣ тавре ки дар боло зикр шуд, авиаторони Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш ҷиҳати рушди иқтидори иҷтимоию иқтисодии мамлакат буданд. Сохтори раёсати Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон васеъ гардид ва инкишоф ёфт. Соли 1959 корхонаи авиационӣ Ленинобод (ҳоло Суғд) таъсис ёфта, баъди як сол фурудгоҳи Кӯлоб ташкил карда шуд. Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ якбора зиёд шуд. Ҳаҷми корҳои

пешина
аз 275
навбатӣ