Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
фаъолияткунандаро таҳлил мекунад. Бидуни ин, дар такмили низоми идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори муассисаҳои ҳавопаймоӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ ширкат менамояд ва тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, стандартҳои соҳавиро оид ба масъалаҳои интиқоли мусофирон, бағоҷ, борҳо, муросилот, иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ, истифодаи фазои ҳавой ва хизматрасонии ҳаракати ҳавой (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва маводро таҳия ва интишор менамояд. Тибқи тартиби муқарраргардида таъсиси хатҳои нави ҳавоиро ташкил менамояд ва дар ҳамоҳангсозии ташаккули ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатҳои мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ ширкат менамояд.
Бозори хизматрасонии нақлиётиро дар нақлиёти ҳавой ташаккул медиҳад ва интиқолдиҳандагони ҳавопаймоиро тибқи самтҳо танзим ва таъин менамояд.
Хатҳои ҳавой ва ростшавии онҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои идораи ҳаракати ҳавой, минтақаҳои манъшуда ва минтақаҳои маҳдудкунии истифодаи фазои ҳавой, самтҳои доимии парвозҳои берун аз хатсайр, қоидаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро (тартиби банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва хизматрасонии бевоситаи ҳаракати ҳавоӣ) таҳия ва баррасӣ намуда, ба роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин, дигар вазифаҳо ва ваколатҳои авиатсиониро иҷро мекунанд. Бидуни ин, дар Агентӣ шуъбаҳои муносибатҳои байнамилалӣ, кадрҳо ва ҳуқуқ, молия ва шуъбаи умумӣ низ фаъоланд, ки дар ҳар кадомашон мутахассисони масъулиятпеша ифои вазифа намуда, ҳар яки онҳо вазифаҳои бардӯшдоштаро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё