Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  • ташкили иҷроиши чорабиниҳо оид ба модернизатсия ва таҷдиди таҷҳизоти заминии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

  • ташкили чорабиниҳо оид ба сертификатсия, стандартизатсия ва санҷиши парвозии таҷҳизотҳои ТРТП ва АБА.

Маълумоти радионавигатсионӣ барои парвози нақлиётҳои ҳавоӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби РТРТП ва АБА тавассути таъмини фаъолияти боэътимод ва мунтазами 7 радиомаяки масофасанҷи системаи DME, ки дар аэродромҳои фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва дигар минтақаҳо насб шудаанд, таъмин карда мешавад.

Таъминоти радионавигатсионӣ барои парвозҳо инчунин иншоотро дар бар мегирад, ки бо радиостансияҳои ҷудогона ва радиопеленгатори худкор (автоматикӣ) муҷаҳҳаз шудаанд.

Бо мақсади назорати фазои ҳавоӣ ва идора намудани ҳаракати ҳавоӣ системаи назоратии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бомуваффақият фаъолият менамоянд, ки аз ҷузъҳои зайл иборат мебошанд:

пешина
аз 275
навбатӣ