Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
нишастҳои ҳавопаймоҳову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани манораи танзиму назоратӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби ҳайати кории КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба нақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ ҳамарӯза анҷом дода мешавад.
Баландии манора аз 41,23 метр иборат буда, дар нуқтаи 36 метрии он толори кории танзимгарон ҷойгир аст. Дар иншооти мазкур ҷойи кории танзимгарони нуқтаи танзимгари ибтидоӣ ва самтдиҳӣ (НТИС) ва роҳбари парвозҳо (РП), инчунин танзимгарони нуқтаи танзимии самтдиҳӣ (НТС) воқеъ гардидаанд. Мақсади асосии сохтмони манораи танзимнамоӣ беҳтар намудани мушоҳидаи танзимгарони НТИС ҳангоми иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳо дар гирду атрофи фурудгоҳ мебошад, ки ин пеш аз ҳама ба баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии парвозҳо нигаронида шудааст. Саҳни манораи назоратӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё