Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ХИЗМАТРАСОНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ

Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавой яке аз сохторҳои таркибии «Тоҷикаэронавигатсия» маҳсуб ёфта, парвозҳои бехатар ва мунтазами нақлиёти ҳавоиро дар фазо ва фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Вазифаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавой (ХҲҲ) иборатанд аз:

  • пешгирии бархӯрди нақлиёти ҳавой;

  • пешгирии бархӯрди нақлиёти ҳавой дар тағйири самти ҳаракат (минтақаи манёврина);

  • суръат бахшидан ва нигоҳ доштани ҷараёни танзимшудаи ҳаракати ҳавой;

  • таъмини машварат ва иттилооти зарурӣ барои таъмини бехатарӣ ва самаранокии парвозҳо;

  • огоҳ намудани сохторҳои дахлдор оид ба нақлиёти ҳавой, ки ба кумаки хадамотҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ эҳтиёҷ доранд ва мусоидати зарурӣ ба чунин сохторҳо;

  • омӯзиши талаботи идоракунии ҳаракати ҳавой ба захираҳои инсонӣ, такмили ихтисос, иҷозатнома ва ғайра бо ҷорӣ намудани меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ.

Маркази ноҳиявии низоми ягонаи ташкили ҳаракати

пешина
аз 275
навбатӣ