Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

НАҚШАҲО ҲАНӮЗ ЗИЁДАНД

Агар дар бораи дурнамои рушди фурудгоҳ сухан гӯем, ояндаи хубе дар пеш аст. Тибқи Стратегияи дарозмуҳлати рушди муассиса алҳол дар назди роҳбарияти фурудгоҳ иҷрои вазифаҳои зерин истодаанд:

  • таъмиру таҷдиди хати парвозу нишасти фурудгоҳ;
  • навсозӣ ва такмилии парки нақлиёти махсуси фурудгоҳӣ;
  • рушди инфрасохторҳои назди фурудгоҳ (сохтмони меҳмонхона ва маҷмааи таваккуфгоҳи автомобилии 3-ошёнаи пӯшида);
  • таъмиру таҷдиди перрон, иншооти ёрирасон, роҳравҳои зимомӣ;
  • сохтмони хати дуюми сунъии парвозу нишасти ҳавопаймоҳо.

Фурудгоҳи Душанберо мо имрӯз басо пешрафта ва ободу зебо мебинем. Чуноне роҳбарияти он иброз медорад, амалисозии вазифаҳои зикршуда имкон медиҳанд, ки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар радифи фурудгоҳҳои беҳтарини дунё қарор гирифта, барои боз ҳам васеътар шудани доираи

пешина
аз 275
навбатӣ