Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

инфрасохтори хизматрасониҳои туристӣ низ мусоидат менамояд. Мусофирону сайёҳони ватаниву хориҷӣ дар шароити афзудани ширкатҳои авиатсионӣ имкон пайдо мекунанд, ки ба кишварҳои дигар тариқи хатсайрҳои мустақим парвоз намуда, вақту маблағи худро сарфа кунанд.

Вусъати рақобат дар бозори мусофирбарӣ ширкатҳои авиатсиониро водор мекунад, ки барои ҷалби бештари мусофирон нархи билетҳоро пасттар, сифати хизматрасониҳоро баландтар, инчунин хизматрасониҳои иловагиро пешниҳод намоянд. Бо афзоиши ҳамлу нақли бору мусофир ва ба ин восита пайдо шудани манбаҳои нави даромад фурудгоҳ низ имкон меёбад, ки арзиши хизматрасониҳои худро барои мусофирому ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳадде коҳиш дода, намудҳои нави босифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳову мусофирон амалӣ намояд.

Алҳол парвозҳо дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур (Туркиш Эйрлайн, Чин, Флай Дубай, Вареш Эйрлайн ва Ҷазира Эйрвэйс), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, «Северний ветер» — и Россия, «Эйр Астана» — и

пешина
аз 275
навбатӣ