Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
ба ҷабҳаи ҷанг намефиристонд ва ӯ дар ҳавопаймоии гражданӣ фаъолият мекунад. Ӯ дар бисёр хатҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар ҳавопаймоии Қутби шимолӣ, ҳамчунин ба даҳҳо кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупо парвозҳоро анҷом додааст. Рашид Назиров зиёда аз сӣ соли ҳаёти худро ба парвозҳо дар Тоҷикистон гузаронида штурманҳои зиёдеро ба камол расонидааст.
Соли 1983 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ хабари корнамоии ҷасуронаи командири ҳавопаймои Ан-2 Р. Муҳаммадҷонов ва ҳавонаварди дуюм Р. Галиев паҳн гардид. Дар ҳавопаймо шаш нафар калонсол ва ду кӯдак буданд, ки ба Қалъаи Хумб парвоз доштанд. Ҳангоми парвоз муҳаррики ҳавопаймо номураттаб кор мекард. Ҳавонавардон илоҷе карда то Тавилдара расидани буданд, вале вазъият ба ин имкон надод ва қарор доданд, ки ҳавопайморо болои дарёи Обихингов шинонанд, зеро ҳар ду тараф кӯҳу шаҳҳои баланд буданд. Ҳамин тавр, ҳавопаймо ба дарё фуруд омад ва хеле зуд пури об шуд. Одамони дар аэродром ҳавопайморо интизорбуда ҳамаро сиҳату саломат бароварданд. Чунин ҳодисаи бо ҳавопаймои муҳаррикаш аз кор монда рӯи об фуруд омадан дар таърихи ҳавопаймоии гражданӣ аввалин буд ва корнамоии ҳавонавардон дар саҳифаҳои он сабт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё