Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ёфт.

Қорнамоии саркор - ҳавонаварди ТУ - 154 Владимир Гиро соли 1987 дар хотири мардуми Тоҷикистон сахт нақш бастааст. Ҳавопаймо аз Душанбе ба Москва парвоз мекард. Ҳангоми ба баландии муайян расидан кӯшиши командир В. Гиро, командири коромӯз А. Раҳимов, штурман Н. Настасиенко ва муҳандиси дохили ҳавопаймо В. Замонов ҷиҳати боло бардоштани чархҳои ҳавопаймо натиҷа намедод. Аввал, гидросистемаи якум, баъдан дуюм низ аз кор монданд. Умеди охирин ба гидросистемаи сеюм буд ва агар вай ҳам аз кор мебаромад, ҳавопаймо идоранашаванда мешуд. Бо ҷасорату кордонии ҳавонавардон шабона дар фазои Душанбе қариб чор соат парвоз карда, ҳамаи сӯзишвории ҳавопайморо ҷиҳати пешгирии сӯхтор сарф намуданд. Владимир Гиро бо як хунсардию ҷасорати хоса ҳавопайморо, ки навад тона вазн дошт, фуруд овард. Касе на аз ҳайати экипаж ва на аз мусофирон заррае зарар надод. Баъди ин ҳодиса конструктори генералии ҳавопаймо А. А. Туполев ба Душанбе омада, ба ҳайати экипажи ТУ-154 бо сарварии Владимир Гиро чунин баҳои баланд дод: инҳо хазинай тиллоии ҳавопаймоии гражданӣ мебошанд, аз ин гуна шахсон ифтихор мекунем. Владимир Гиро аз соли

пешина
аз 275
навбатӣ