Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

карда, дар тамоми фурудгоҳҳои маҳаллии ҷумҳурӣ ташкил дода шуд.

Дар бораи нахустин ҳавонаварди тоҷик Баҳром Саидмамадови бадахшонӣ сухан рондан хеле хуш аст. Вай бори аввал ҳавопайморо дар фурудгоҳи Хоруғ соли 1929 дида, дилбохтаи касби ҳавонавардӣ мешавад ва ба Душанбе омада, дар мактаби планерчиён мехонад. Баъдан, дар Тошкент дар мактаби ҳавопаймоӣ таҳсил карда, сипас дар хатҳои ҳавоии гуногуни ҷумҳурӣ парвоз менамояд. Нахустин ҳавонаварди тоҷик Баҳром Саидмамадов бо ҷасорату маҳорати баланди ҳавопаймоиаш дар таърихи ҳавопаймоии кишварамон сабт ёфтааст.

Соли 1973 ба Рашид Минҳоҷиддинович Назиров унвони Штурмани хизматнишондодаи СССР дода мешавад ва вай дар Раёсати ҳавопаймоии граждании Тоҷикистон нахустин шахси дорои чунин унвон мегардад. Ӯ баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби №1 пойтахт ба мактаби ҳавопаймоӣ, ки он вақт дар Панҷакент воқеъ буд, дохил мешавад. Бинобар ҳанӯз ҳаждаҳсола набуданаш ӯро ба омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавопаймоӣ аввал қабул намекунанд, вале баъдан бо исрори зиёд ба омӯзишгоҳи штурманҳои ҳавопаймоӣ қабул мегардад. Боз ҳам бинобар ҳаждаҳсола набуданаш

пешина
аз 275
навбатӣ