Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) Борис Михайлович Воробьев буд, ки омӯзишҳои ҳарбии ҳавопаймоиро хатм намуда, ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ меравад. Бо ҳавопаймо ба партизанҳо аслиҳа, доруворию либоси гарм ва ғайра расонида, корҳои иктишофиро анҷом медиҳад. Борҳо ба Ленингради муҳосирашуда парвоз кардааст. Вай пас аз хотимаи ҷанг бо хоҳиши ҳукумати Полша дар кори аз дастаҳои фашистии дар ҷангалистон паноҳбурда раҳо кардани мардуми маҳаллӣ иштирок мекунад. Б. М. Воробьев дар замони осоишта ба Тоҷикистон баргашта, дар хатҳои ҳавоии Душанбе - Хоруғ парвоз карда, хатҳои навро мекушояд. Б. Воробьев соли 1959 бо ҳавопаймои Ан-6 кори нодирро сурат дода, ҳавопайморо дар рӯи яхи кӯли Сарез шинонда, сардори пойгоҳи обуҳавошиносиро, ки сахт бемор буд, гирифта меорад. Соли 1977 ба Борис Михайлович Воробьев унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ дода шуд, ки дар Раёсати ҳавопаймоии граждании Тоҷикистон аввалин буд.

Соли 1945 дар ҷумҳурӣ хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ташкил карда мешавад, ки аввалин роҳбарони он А. Н. Меншиков, Буковский, К. И.
Бездолний буданд. Ин хадамот, ки кормандони онро одатан дирижёрони ансамблҳои ҳавоӣ меноманд, рушд

пешина
аз 275
навбатӣ