Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

соли 2017 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 596, аз 29 декабри соли 2017, Агенттии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз ин рӯз дар таърихи авиатсияи тоҷик саҳифаи нав боз гардид.

Соли 2018 моҳи июн дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сохтмони терминали нави муосири борқашонӣ ба анҷом расида, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ба истифода супорида шуд.

Соли 2018 26 сентябр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ толори қабули меҳмонони расмии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соли 2019 рӯзи 27 июни соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созишнома байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-танзимнамои иншооти муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ, манораи нави назоратӣ-танзимнамои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар давоми 18 моҳ бунёд карда шуда, иншооти муҳташами аэронавигатсионӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2021 18 июни соли 2021 ягона зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татьяна Афентева нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод. Татьяна ба ҳайси сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе — Тошканд — Душанбе парвоз намуд.

Соли 2021 7 октябри соли 2021 муҷассамаи таърихию ёдгории «Дуои модар», бинои нави аэровокзали фурудгоҳ ва бинои нави толори VIP бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Соли 2022 30 август ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар доираи барномаи навсозии парки худ як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро дар асоси лизинги амалиётӣ аз ширкати ACG вориди Душанбе намуд. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвонгузорӣ шуд.

Соли 2022 8 сентябр «Сомон Эйр» боз аз адад ҳавопаймои Boeing 737-800-ро аз ширкати ACG ба лизинги амалиётӣ гирифт. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ ба шаш адад расид (ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800). Қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиасияи гражданӣ рост омад.

Соли 2023 аввалин бор дар таърихи Фурудгоҳи Хуҷанд ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ба 1 млн. баробар шуд. Роҳбарияти фурудгоҳ мусофири якмиллионуми хешро ботантана ва гарму самимий истиқбол гирифта тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуд. Мусофири 1 млн.-уми фурудгоҳ Ҳазратқулова Юлдузой бо хатсайри Сочи — Хуҷанд фуруд омад, ки ширкати ҳавопаймоии «Урал» иҷро кардааст.

пешина
аз 275