Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
Соли 2007 Оғози барномаи мақсадноки ғанигардонии парки ҳавопаймоҳо.
Истифодаи мустақилонаи аввалин ҳавопаймои Боинг ва харидани онҳо
Соли 2009 Таҷзияи соҳаи ҳавопаймоӣ. Таъсиси фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, ширкатҳои «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр», «Ист Эйр».
Солҳои 2012-2013 Бозомӯзии кормандони маҷмааи хизматрасонии фаннӣ барои хавопаймоҳои навъҳои Боинг.
Соли 2013 Расман эълон шудани сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Соли 2014 Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали нави муосир барои мусофирон сохта шуда, дар Рӯзи авиасияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо тантана кушодаву мавриди истифода қарор дода шуд.
Соли 2016
- Моҳи ноябри соли 2016 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷзотномаи расмии EASA-ро (Агентии аврупоӣ оид ба бехатарини парвозҳо) барои ирсоли дархост ҷиҳати гирифтани ҳуқуқи истисноии иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз Иттиҳоди Аврупо ва дар қаламрави Аврупоро гирифт.
Соли 2017 25 марти соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори маҷлисгоҳ ва тарабхонаи «Ҷавонон», ки бахшида ба соли «Ҷавонон» дар фурудгоҳи Хуҷанд бунёд гарида буд, мавриди истифода қарор дода шуд.
Соли 2017
- 5.05.2017 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» сертификати дуюми IOSA-ро гирифт.
Соли 2017
- 6.09.2017 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» сертификати узвият дар Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ - IATA-ро соҳиб гашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо