Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
он ҷо об набуд, лозим донистам, ки корро аз сохтани обанбор дар ин макон оғоз намоям. Баъдтар бо меҳнати ахлонаи кормандони корхона терминал сохтему толори вакилони мардумиро бунёд намудем. Оҳиста - оҳиста корхонаро ба по хешондем.
Имрӯзҳо чун ба пешравиҳои «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» менигарам, - афзуд ӯ, аз он меболам, ки фурудгоҳ ба бисёр пешравиҳои назаррас ноил гардидаасту ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Аз соли 2008, баъди таҷдиди сохтори соҳаи авиация Ботур Ахмедов Директори генералии филиали «Тоҷик Эйр» (он замон) дар вилояти Суғд таъин мегардад. Ӯ дар ин корхона низ барои пешбурди соҳа ва ҷоннок намудани фаъолияти корхона заҳматҳои зиёд ба харҷ медод. Маҳз аз ҳамин корхона ин шахси меҳнаткарин бо сари баланд ва бо хотираҳои рангину гуворо ба нафақа баромада, кунун дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Аз Ботур Ахмедов суол кардем, ки имрӯзҳо барои пурра ба сатҳи байналмилалӣ расонидани фурудгоҳи Хуҷанд кадом корҳоро ба сомон расонидан лозим аст?
Ӯ посух медиҳад, ки солҳои охир дар ин ҷода бисёр
корҳо ба анҷом расиданд. Парки воситаҳои нақлиёти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо