Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

Файзиев, М. Камолов ва дигарон идомадиҳандагони ин касб буданд. Ба шарофати донишу маҳорати соҳибони ин касб оҳанги хушнавои кори муҳаррикҳою таҷҳизоти ҳавопаймо дили ҳавонавардро ором дошта метавонад.

Ҳаёту фаъолияти бисёр ҳавонавардон гуногунрангу дилпазир ва дар бораи онҳо сухан рондан хушоянд мебошад. Яке аз онҳо Василий Фролов аввал мактаби ҳавонавардии Балашов, мактаби яксолаи техникии Киев, авиатехникуми Ленинградро хатм кардаву ба касбҳои ҳавонавард ва техники ҳавопаймо соҳиб шуда, соли 1934 ба пойтахти Тоҷикистон омадааст ва аз ҷумлаи аввалин ҳавонавардоне буд, ки парвозҳоро ба Помир анҷом медоданд. Сипас, ӯ супориш гирифт, ки дар фурудгоҳи Хоруғ корҳои аэродромиро ташкил намояд. Соли 1946 ӯ командири ҳавопаймои Ю - 52 таъин мегардад. Дар солҳои баъдиҷангӣ ҳавонаварди дуюми дар он солҳо машҳури ҳавонавардзан, вакили Шӯрои Олии ИҶШС Мария Салова буд. Соли 1948 ба ин ду нафар санҷидани парвози ҳавопаймои дар ҷанг ғанимат гирифташудаи Ю - 52 супориш дода мешавад, ки бо муваффақият анҷом медиҳанд.

Дар рӯзҳои аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ
дар Душанбе гирдиҳамоии серодам барпо мешавад,
ки худи ҳамон рӯз 15 нафар ҳавонавардони беҳтарин

пешина
аз 275
навбатӣ