Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
вазифаи муҳандиси ҳавопаймо - бинобар зиёд шудани миқдори асбобҳои назоратии кори муҳаррикҳо дар ҳавопаймоҳои бисёрмуҳаррикдор ба вуқуъ пайвастааст. Дар таърихи ҳавопаймоии Россия А. Панасюк яке аз аввалин бортмеханикҳо буд, ки соли 1913 бо ихтироъкори ҳавопаймои бузурги «Русский витяз» И. Сикорский якҷоя дар ин ҳавопаймо парвоз кардааст. Одатан, муҳандис ё механики дохили ҳавопайморо шахси ниҳоят муҳим арзёбӣ мекунанд. Онҳо дорои донишҳои амиқи муҳандисӣ ва фарҳанги умумии техникӣ мебошанд, ки фанҳои назариявию техникии ҳавопаймоиро то ҷузъиёташ хуб медонанд.
Дар Тоҷикистон аввалин механикҳои дохили ҳавопаймоҳо П. Комаров, М. Водопьянов, ки баъдан ҳавонавард шуданд, Ф. Моторин, М. Штангелмейер, В. Родченко, А. Панфилов, А. Велмер буданд, ки дар кушодани хатсайрҳои нави ҳавоии кишвари кӯҳсори мо иштирок карда, дар таърихи рушди ҳавопаймоии мамлакат саҳми муносиб гузоштаанд. Кори онҳоро баъдан муҳандисону механикҳои ҳавопаймоҳо аз қабили А. Паламарчук, А. Карякин, Н. Жмурков, М. Кулагин, Н. Абликеев, Н. Иванов ва бисёр дигарон идома доданд. Пасон И. Вишневский, В. Швайко, В. Гаранин, А. Зиёев, К. Ҳакимов, М. Нозимов, В.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё