Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ба баландиҳо парвоз кунанд.

Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо ҳалабонҳо (лётчикҳо) бачаҳоро таклиф намуданд, ки ба он нишинанд. Касе ҷуръат накард, танҳо Баҳром зуд ба он савор шуд. Ҳавопаймо Хоруғро якчанд давр зада, ба замин фуруд омад. Баҳром аз баландиҳо ба замин менигаристу ҳаваси ҳалабон шудан дар замираш алангӣ мезад. Алангае, ки дигар ӯро ором намегузошт...

Баҳром Саидмамадов соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Хосаи ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон чашм ба олам во намудааст. Маълумоти миёнаро дар деҳаи азизаш гирифта, баъди дидани тайёра дар диёри хеш Баҳром ҳамроҳи 20 нафар ҷавон роҳи Сталинободро (ҳозира Душанбе) пойи пиёда пеш гирифт. Зеро он солҳо ҳанӯз аз Бадахшон то Сталинобод роҳи мошингард вуҷуд надошт. Аз ин ҷост, ки Баҳром бо ҳамроҳонаш пиёда роҳ паймуда, муддати 45 рӯз ба Сталинобод расиданд. Чун дарсҳо ҳама ба забони русӣ буданд, барои Баҳром мушкил буд ва ӯ аввал забони русиро пурра аз худ намуд. Сипас, соли 1931 ба Омӯзишгоҳи авиатсионии шаҳри Тошкант дохил шуд. Соли 1934, баъди хатми он, ба Душанбе омада, дар фурудгоҳ ба ҳайси лётчик ифои вазифа намуд. Ба вазифае, ки кайҳо боз интизораш буд ва аз ин пас дар

пешина
аз 275
навбатӣ