Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
гардиданд.
Хуллас, дар муддати кӯтоҳ ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба яке аз ҷамъиятҳои пешрафтаву ҳозиразамон табдил ёфта, барои сифати маҳсулот кафил аст ва ин пеш аз ҳама парвози бехатари мардуми кишвар ва хориҷро таъмин менамояд. Тӯли зиёда аз 50 сол аст, ки мақсаду мароми ҷамъият ба роҳ мондани таъмини сӯзишворӣ мутобиқи меъёру талаботи байналхалқӣ мебошад. Кормандон барои сифати маводҳои сӯзишворию равғанҳои молиданӣ кӯшиш намуда, ҷавобгарии сифати аниқи сӯзишвориҳои гуногунро ба уҳда дошта, бо масъулияти баланд вазифаи бадӯшдоштаро иҷро менамоянд, зеро сифати сӯзишворӣ баҳри парвози бехатари мусофирон нақши муҳим мебозад.
Дар ширкат мутахассисони беҳтарин фаъолияти босамара доранд. Роҳбарият ба ҷалби мутахассисон низ диққати зарурӣ зоҳир менамояд. Бисёр кормандонеро метавон ном бурд, ки онҳо дар рушди босуботи ширкат саҳми арзанда доранд. Яке аз чунин кормандони варзида Рамазон Қурбонов мебошад, ки солҳои тӯлонӣ софдилона фаъолият дорад ва шогирдони зиёдеро низ тайёр намудааст. Рамазон-ака дар пешравии ширкат саҳми босазо дорад ва ҳамарӯза кӯшиш бар он дорад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё