Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

мегардонад.

Инчунин барои воситаҳои нақлиёти махсуси корхона таваққуфгоҳ бунёд гардид. Гирду атрофи ҷамъият бо ҳимоядеворҳо маҳкам карда шудааст, ки ин риояи бехатариро пурра таъмин менамояд.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои баланди истеҳсолӣ ва мутобиқ намудани хизматрасониҳо, ширкат бо сохтору корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ҳамкории зичу самаранокро ба роҳ мондааст. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои номдор ва соҳибтаҷриба, ки як самти пурраи кории ширкат аст, масъулияти баландро талаб менамояд. Аз ин рӯ, самти асосии фаъолияти корхона бо сӯзишворӣ таъмин намудани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ мебошад. Сатҳи хизматрасонӣ ва сифати маҳсулоти ширкат имрӯз таваҷҷуҳи мизоҷони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст ва ҳамкорӣ бо ширкатҳо низ рӯ ба афзоиш дорад, ки ин нишони боварӣ аз тарафи он ширкатҳост. Айни замон, ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» бо зиёда аз 30 ширкати ҳавопаймоии мухталиф ҳамкорӣ дошта, сари вақт онҳоро бо маводи сӯхт таъмин мекунад.

Базаҳои ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа низ аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз

пешина
аз 275
навбатӣ