Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба талабот мувофиқ гардонида шуда, то кунун фаъолият дорад. Дар доираи тадбирҳои муосиргардонии соҳаи авиация давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи фурудгоҳҳои кишвар - фурудгоҳҳои байналмилалӣ ташкил гардида, низом ва сохтори идоракунии соҳа куллан тағйир дода шуд. Баъди таъмиру азнавсозӣ ва васеъ намудани хати парвози «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар солҳои соҳибистиқлолӣ имкониятҳои нави қабул ва гусели ҳавопаймоҳо фароҳам гардид. Айни ҳол, аз шаҳри Кӯлоб дар як ҳафта 22 парвоз ба хориҷи кишвар сурат мегирад ва хизматрасонӣ ба мусофирон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки таъмин намудани сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ ба мусофирон, истифодаи самарабахши таҷҳизоти техникии фурудгоҳ, насби лавҳаҳо барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар дохил ва беруни бино, хизматрасонӣ дар самти бақайдгирии мусофирон ва ҳамлу нақли борҳо бо усулҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» бо дастгирии ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё